ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мизи мудаввар доир ба татбиқи низоми “Равзанаи ягона”

“Татбиқи низоми иттилоотии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ” ва нақши мақомоти салоҳиятдор дар татбиқи он.” Таҳти чунин унвон имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Ҳайдар, директори КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамот – Лочин Файзуллозода, роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук – Ёр Одина, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Баҳодур Раҳимзода ва намояндагони дигар кумитаву идораҳои дахлдор ва донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ширкат варзиданд.

 

Пас аз ифтитоҳи чорабинӣ сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал – майор Азим Ҳайдар дода шуд, ки номбурда оид ба моҳияти низоми “Равзанаи ягона” барои пешбурди тиҷорати беруна суханронӣ намуд.

 

Сипас, Лочин Файзуллозода, директори КВД “Маркази Равзанаи ягона” оид ба раванди ташаккул ва фаъолияти низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, тариқи монитор рӯнамоии он нишон дода шуд.

 

Ҳамчунин, роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамот – Ёр Одина дар мавзӯи “Равзанаи ягонаи мақомоти гумрук – омили шаффофияти фаъолияти гумрукӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати нақш ва мавқеи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ”, Қудратулло Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар хусуси соддагардонӣ ва назорати гумрукӣ дар сарҳад тавассути ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ва дигар иштирокдорон маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

  

 

  

Қайд гардид, ки системаи “Равзанаи ягона” ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор имкон медиҳад, то тамоми маълумотҳо оид ба содироту воридот ва транзити молу маҳсулот, ки аз ҷониби мақомоти танзимкунанда талаб карда мешавад, танҳо як маротиба дар шакли ягона равон карда, бо ҳамин шабака то 24 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳоро дар шакли электронӣ дастрас менамояд. Дар саросари ҷумҳурӣ 57 нуқтаи барасмиятдарории дархостҳои субъектҳои хоҷагидор ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо пайваст карда шудаанд.

 

Ба иттилои Лочин Файзуллозода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Равзанаи ягона” то 27 ноябри соли равон коршиносони ширкати барномасоз дар якҷоягӣ бо мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона” беш аз 300 корманди ширкатҳои брокерӣ, 100 корманди ширкатҳои соҳибкорӣ, 400 мутахассиси дахлдори мақомоти шомилшударо дар макони корӣ ва дар дафтари корхона бо усули инфиродӣ оид ба истифодаи низом омӯзонда, ҳамчун истифодабаранда ба қайд гирифтанд.

 

Инчунин, омӯзиши 95 корманди масъули мақомоти гумрук дар 5 минтақаи кишвар, дар робита ба тарзи дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо аз низоми “Равзанаи ягона” тавассути низоми “СИАЯ” ба роҳ монда шуд.

Дар охир роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук – Ёр Одина пешниҳод намуд, то барои огоҳии бештар пайдо намудани низоми мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон, ки дар онҳо факултаҳо бахшида ба самти гумрук фаъолият менамоянд, фанни “Равзанаи ягона” ҷорӣ гардад.

 

“Равзанаи ягона” низомест, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соддагардонии расмиёти савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид. Механизми «Равзанаи ягона» барои содда гардонидани расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳое ҷорӣ гардидааст, ки ба воридоту содироти молу маҳсулот машғул мебошанд. Ҳамакнун, зимни анҷом додани расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҳуҷҷатгузории он тариқи электронӣ сурат мегирад, ки ин амал қаблан бо воситаи қоғаз амалӣ мегардид.

 

 

Дар ин замина, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №659 Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, “Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тасдиқ гардиданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: