ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчам ва гиромидошти он

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллии худ, аз ҷумла Парчам гардид. Ҳамасола барои гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ, 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчам ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд, ки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кормандони ниҳод ширкат варзиданд.

Нахуст ҷамъомадро сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ифтитоҳ бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони сарбаланди кишварро самимона таҳният гуфт.

Пасон, зери навои мусиқии Оркестри нафасии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро вориди толор намуданд.

Зимни суханронии Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ эътироф гаштааст, албатта, дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомада, балки аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст. Пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он, олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод намудаанд, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст.

- Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад, - иброз дошт Х. Каримзода.

Пас аз сухани табрикии сардори Хадамот кормандони ҷавони ин ниҳод, аз қабили Комрон Абдураҳимов ва Азиз Шомуддинов, кормандони Раёсати ташкилию бозрасӣ, Бунафша Раҳмонова, корманди Шуъбаи иттилоот, Фаррух Ҳалимов, аз Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва ҳамчунин сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ - Бӯрӣ Сармад оид ба моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом сардори Хадамот, генерал-майор Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи ҷамъомадагонро бо ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, ба хонадонашон бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устуворро таманно намуданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: