ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр – Рӯзи Президент

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлисро сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз бахшида, роҷеъ ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду суботи кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардум, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии кишвар, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои сокинон, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо ҳамватанон, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

 

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд, - қайд кард зимни суханронии худ Х. Каримзода.

 

Сипас, Ҳусниддин Сафарзода, сардори шуъбаи Раёсати таъмини ҳуқуқӣ шакли идоракунии президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Президентӣ салоҳияти Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат дар мансаби Президент муттаҳид карда шуда, Ҳукумат аз ҷониби Президент ташкил ва аз ҷониби ӯ ба истеъфо равона карда мешавад.

 

-Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июли соли 1994, санаи 6 ноябри соли 1994 интихоботи мустақим ва шаффофу демократӣ баргузор гардид, ки бо тарафдории аксарияти интихобкунандагон сиёсатмадори қавиирода ва умедбахши мардум, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва санаи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд, - гуфта шуд дар маърӯзаи Ҳ. Сафарзода.

 

Ҳамчунин, Сангалӣ Назаров, нозири кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус”- и Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук низ баромад карда, дар бораи шахсияти таърихӣ ва сулҳпарвариву сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

-Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ – Эмомалӣ Раҳмон бори аввал Сарвари давлат интихоб шуд, дар кишварамон рӯзҳои даҳшатбор пушти сар мегардид ва ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид менамуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, маҳз Пешвои муаззами миллат буданд, ки бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат наҷот дода, мардуми парешонро сарҷамъ ва гурезагонро ба Ватан баргардонид, - бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо иброз дошт С.Назаров.

 

Пас аз суханрониҳои кормандони ниҳод, сардори Худамоти гумрук, генерал-майор Хуршед Каримзода бори дигар ҳозиринро шодбош намуда, гуфт, ба муносибати Рӯзи Президент ҳамаи шумо ҳамкасбони арҷманд ва дар симои шумо кулли шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азизро шодиёна шодбош гуфта, ба хонадонатон фазои фораму фарогири файзу фароғат, меҳру муҳаббат ва ба Меҳани маҳбубамон сулҳу сафо ва рушду рафоҳ таманно менамоям.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ филме роҷеъ ба рӯзгори фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон марде аз сарнавишт” тариқи телевизион манзури ҷамъомадагон гардонда шуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: