ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук Рӯзи Конститутсияро ҷашн гирифтанд

Ҳамасола 6 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. 26 сол муқаддам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, на ҳамчун як ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ, балки Қонуни асосии кишвар пазируфта гардид.

 

Бахшида ба ин санаи муқаддас имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд. Маҷлиси идонаро муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал – майори хадамоти гумрук Иззатулло Ҳурматзода ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук тамоми кормандони ниҳодро табрику шодбош гуфт. Сипас, вобаста ба қабули Конститутсия ва моҳияти он ибрози андеша намуд.

“26 – сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути райпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шарти олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ - ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”, - қайд кард И.Ҳурматзода.

Сипас, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ Бӯрӣ Сармад бобати ҷонбозиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот ва таъмин намудани волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, сардори Шуъбаи иттилоотӣ Боймурод Фазуллоев низ ибрози андеша намуда, гуфт, ки қабули Конститутсия дастоварди миллӣ буда, бо ба даст овардани он, дар кишварамон назму низом ба эътидол даромад ва беназмиву бетартибиҳо аз байн бурда шуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад кормандони ҷавон Хусрав Шамсов, нозири Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, Фаррух Ҳалимов, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва Зуҳур Зуҳурзода, нозири Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ баромад намуда, оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фарқияти Конститутсияи қабулгардидаи даврони истиқлол ва бартариятҳои бештар доштан аз дигар конститутсияҳо фикрҳои хешро баён дошта, ҳар кадоме аз онҳо бобҳои Конститутсияро шарҳу тавзеҳ доданд.

Бо ҳамин, ҷамъомади идона ба итмом расида, дар охир муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал – майори хадамоти гумрук Иззатулло Ҳурматзода ба ҳама кормандон ва дар симои онҳо ба тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу суботу осоиштагӣ ва рӯзгори хушу пурнишотро таманно намуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: