ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тамошои маросими савгандёдкунӣ

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, таълимӣ ва дигар ниҳодҳои кишвар, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастаҷамъона дар толори маҷлисгоҳҳо барои дидани маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кормандони Хадамоти гумрук маросими ботантана ва бошукӯҳи савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи телевизион, ки мустақиман намоиш дода мешуд, тамошо намуданд.

 

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” баргузор гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум савганди президентӣ ёд карданд.

 

 Нахуст дар маҷмааи давлатии “Қасри миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои президентӣ – ливо ва шаҳодатнома супорида шуд. Сипас, дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки ҷиҳати садоқат ба Конститутсия ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд.

 

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст болои Конститутсия гузошта, чунин савганд ёд намуданд.

 

 “Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям.”

 

Пас аз ин, дар “Майдони Дӯстӣ” вазири мудофиаи ҷумҳурӣ савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон оварда, афроди Қувваҳои Мусаллаҳ якҷоя савганд ёд карданд. Ҳамин гуна, бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ оғоз ёфт, ки миёнашон кормандони мақомоти гумрук низ ҳузур доштанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: