ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории мусобиқаи ҷумҳурияивӣ оид ба шохмот барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" дар соли 2020

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 2020 дуюмин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» доир мегардад.

Дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот байни кормандони мақомоти гумрук барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд, ки дар ифтитоҳи он сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад таъкид дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар сол аз сол рушд намуда, барои машқу тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иншоотҳои зиёди варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Зикр гардид, ки аз соли 2019 гузаронида шудани мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» низ яке чорабиниҳои муҳими варзишӣ аст, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни кишвар ба варзиш мусоидат мекунад.

Боиси хушнидист, ки кормандони Хадамоти гумрук соли гузашта низ дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона иштирок намуда буданд ва соли ҷорӣ сафи иштирокчиёни бозии шоҳмот боз ҳам зиёдтар шудааст.

Воқеан варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст.

Ҳамасола санаи 10 август дар кишвар ҳамчун рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва остонаи таҷлили ин сана ташкил гардидани мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» хеле фоли нек буда, кормандони Хадамоти гумрук бо заковати баланд барои ба даст овардани Ҷоми Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар охири сухан Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳамаи иштирокиёнро бо оғози мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот ва фароррасии Рӯзи варзишгарон муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбӣ орзу намуд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоров Носир ва мутахассисони ҳамин раёсат иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоров Носир, низ баромад карда, доир ба шоҳмот, таърих ва ташаккули он дар ҷомеаи миллии тоҷикон маълумот дод.

Бозоров Носир зимни баромади хеш қайд намуд, ки шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Сипас кормандони Хадамоти гумрук аз рӯйи қуръапартоӣ ба гуруҳҳо ҷудо шуда, дар бозии шоҳмот байни ҳам рақобат намуданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: