ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Дар Ҷумҳурии Корея семинари сиёсӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Имрӯз дар Ҷумҳурии Корея семинари сиёсӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо таҳти унвони «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» баргузор гардид.

Баргузории мулоқоти корӣ миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

18 марти соли 2026 мулоқоти кории муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусамухамедов Надир Камалитдинович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ намуда, доираи васеи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, таъмини шаффофият ва суръатбахшии барасмиятдарории молҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои марбут ба рушди табодули иттилоот байни мақомоти гумрукии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт баррасӣ шуданд.

Дар идомаи мулоқот, ҷонибҳо ба таъмини табодули пешакии маълумот оид ба молҳои транзитӣ, ҳамоҳангсозии маълумот вобаста ба молҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ интиқол дода мешаванд, инчунин ба такмили равандҳои назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ диққати махсус доданд.

Ин мулоқот ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Subcategories

Page 3 of 89

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: