ДУШАНБЕ, 26.04.2019. Дар шаҳри Душанбе дар маросими расмӣ бо пахши тугмача Портали савдои Тоҷикистон –WWW. TAJTRАDE.TJ кушода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, ташкилотҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, инчунин намояндагони Корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин Портал муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр сохт, ки Портали савдои Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат, инчунин иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҷаҳонии Савдо, хусусан моддаи 1.2 Созишномаи Созмони мазкур оид ба соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содирот ва соддагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст.


