Тавре маълум аст, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дувум аст, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардида истодааст. Мақсад аз баргузории он ҷалби бештар барои мутолиаи асарҳои бузургон буда, довталабон аз рӯи номинатсиаҳои гуногун баромад менамоянд.
Хабарҳо
Корҳои ободонӣ дар Хадамоти гумрук
Ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳо дар бинову гулгаштҳои сохтору корхонаҳои давлатӣ корҳои ободониву хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад. Дар арафаи таҷлил аз ҷашни 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ доир шуд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.
Subcategories
Page 69 of 90


