26 июни соли 2017 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе полковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии Раёсатро бо фарорасии ин санаи фархундаи таърихӣ табрик намуд.
Номбурда иброз дошт, ки ин санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сохторҳо мақомоти гумрук низ, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.