ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Вохӯрии ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон

17 сентябри соли 2021, дар толори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъул бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон муовини вазири мақомоти федералии даромади Покистон Саид Муҳаммад Тариқ Худа ва Саид Ҳомид Алӣ –муовини вазири тиҷорати Покистон баргузор гардид.

Дар Душанбе «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд

Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи «Системаи идораи таваккал» доир гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Комиссари Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷэй Ҳён ва кормандони мақомоти гумруки ҳарду давлат иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Санаи 15 сентябри соли 2021 Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ бо ҳайати гумрукчиёни ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Ҳадафи сафари Сардори Хадамоти гумруки Корея ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистон мебошад.

Subcategories

Page 67 of 99

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: