Модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба камол мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти фарзанд аст. Ӯ дар ин мактаб тарбия ёфта, муттакои волидон мегардад. Модар пайваста дар ёди фарзанд аст. Намехоҳад ба пойи ӯ хоре халад. Тансиҳатӣ, зиндагии осуда ва хушбахтии фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад модар…