21 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар факултети тиҷорат ва гумрук мизи мудаввар бахшида ба рӯзи гумрукчиён дар мавзӯи «Рушди фаъолияти гумрук дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорону мутахассисон ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Хабарҳо
Хуршед Каримзода: «Рисолати мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани буҷа аст»
Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз иҷро гардидани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2018 мужда расониданд. Соли сипаригардида ба ҷойи 4 миллиарду 802,7 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 4 миллиарду 858,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ бе назардошти 30 дарсади хироҷ 101,2 фоиз иҷро гардид. Ин пайғом дар ҳолест, ки 22 январ гумрукчиёни тоҷик иди касбии худ- Рӯзи таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Паёми Роҳбари давлат барои кормандони Хадамоти гумрук ҳамчун дастури рӯимизӣ аст
Имрӯз, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии Дастгоҳи мазкур ҷамъ омада, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва вазифаҳое, ки имрӯз барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда шудаанд, сарбаландона иҷро намоянд.
Subcategories
Page 62 of 68