Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд.
Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
- Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия;
- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Нижегородск (Федератсияи Россия) дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия барои соли 2019;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонишудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (“долони соддаргардонидашудаи гумрукӣ”);