21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҷураев Даврон Музафарович ва сарнозири бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҳайдаров Баракат иштирок намуданд.