ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Тасдиқи рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

 

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, Ассосиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қарору қонунҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

26 июни соли 2017 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе полковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии Раёсатро бо фарорасии ин санаи фархундаи таърихӣ табрик намуд.

Номбурда иброз дошт, ки ин санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сохторҳо мақомоти гумрук низ, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.

Subcategories

Page 52 of 53

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: