Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар 21 декабри соли 2021 баён доштанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Хабарҳо
Озод кардани воридоти молҳо аз боҷи гумрукӣ
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 9 феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» - ро қабул карданд.
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 3 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2022, №20, Ш.ДУШАНБЕ «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 22 ИЮНИ СОЛИ 2019, № 327
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 327 «Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ва Номгӯи ашёи хоми дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда» тағйироти зерин ворид карда шавад:
Subcategories
Page 41 of 77