11 июни соли 2026 дар шаҳраки Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 82-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.
Хабарҳо
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» мулоқоти намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид
29 майи соли 2026 дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор шуд.
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуд
29 майи соли 2026 дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маросими супоридан ва ба истифода додани айвони (ангари) нав баргузор гардид. Айвон дар доираи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар доираи Барномаи ҷаҳонии назорати мусофирон ва боркашонӣ бунёд гардидааст.
Subcategories
Page 5 of 96


