14 феврали соли 2023 дар шаҳри Женева, қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зимни вохӯрии корӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнии низоми кишвар ва дастовардҳо дар ин самт муаррифӣ карда шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид роҳбарӣ намуд.
Хабарҳо
Роҳҳои баланд бардоштани механизми самаранокӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ
Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани механизми самаранокӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Мусобиқаи гӯштини дзюдо ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 феврали соли 2023 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи гӯштини дзюдо баргузор намуд.
Subcategories
Page 40 of 86


