ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Дар Женева масъалаҳои рушди низоми рақамии гумрукии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

5 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои рушди минбаъдаи низоми рақамии гумрукӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Нақши бонувони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ

Бонувони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занон, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас мегузоранд. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар хизмати давлатӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ як силсила чорабиниҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ амалӣ мешаванд.

Иштироки Сардори Хадамоти гумрук дар ҷаласаи 83-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ

23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 83-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШРХГ ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуд.

Subcategories

Page 1 of 99

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: