ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лоиҳаи тафсири илмии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” бо мақсади таҳияи тафсири илмии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар гурӯҳи олимону мутахассисон таъсис дода шудааст.

Тафсир имкон медиҳад, ки татбиқи меъёрҳои он аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук боз ҳам дурусту саривақтӣ ба роҳ монда шуда, дастрасии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба маълумоти марбут ба расмиёти гумрукӣ васеъ гардида, мазмуни меъёрҳои Кодекс возеҳу равшан гарданд.

Ҳамчунин, тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба раванди тадрису омӯзиши муассири кори гумрукӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мусоидат намояд.

Бо ин мақсад, дар Хадамоти гумрук баҳри бо сифати баланд омода гардидани тафсири мазкур як қатор ҷаласаву машваратҳои Гурӯҳи кории олимону мутахассисон оид ба таҳияи тафсири Кодекс, баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2020, лоиҳаи тафсири Кодекс пурра мавриди таҳрир ва ягонасозии сабку услуб қарор гирифта, айни замон омодаи чоп буда, тибқи нақша табъу нашр ва дастраси хонанда гардидани тафсир дар муҳлатҳои наздиктарин дар назар аст.

Аксҳо аз ҷараёни ҷаласаҳои кории Гурӯҳи олимону мутахассисон.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: