ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ой ба ворид намудани тағйиру илова Даро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон барои соли 2020»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 ҷонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борааи Буҷети давные Ҷумҳурии Тоҷикистон барные соли 2020» аз 26 ноябриев соль 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №11, мод. 66 лет)

- дар қисми 13 калимаҳои “суперэлита ва элита,” ба калимаҳои “суперэлита, элита ва ре- продуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда,” иваз карда шаванд;

- қисмҳои 14, 15, 16 ва 17 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“14. Дар соли 2020 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар – консортсиуми “Tractebel Engineering S.A.” (филиали ““Tractebel Engineering S.A.” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин, иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консортсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

15. Дар соли 2020 воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, мавод ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлу истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ пешбинигардида аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор, инчунин, таҳвили минбаъдаи таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзии истеҳсолнамудаи ҷамъияти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

16. Дар соли 2020 воридоти як адад чархболи тамғаи “Airbus H125” аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

17. Дар соли 2020 воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бӯстонсарои ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.”.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 майи соли 2020, № 1691

ҚАРОР И Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2020, № 85

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: