Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2018, №302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 калимаҳои "(замима мегардад)" ба калима ва рақами "(замимаи 1)" иваз карда шаванд;
- банди 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"11. Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои тайёри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).".
2. Ба меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 тасдиқ шудааст, эзоҳи 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳи 3. Меъёрҳои муқарраршуда барои гурӯҳи молии 71 нисбат ба воридоти маснуоти заргарӣ аз металли тилло ва нуқра татбиқ намегарданд.".
3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 марти соли 2020 № 218
ш. Душанбе
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меъёрҳои андози аксиз
барои молҳои тайёри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
Рамзи мол бо Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Номгӯи молҳо | Меъёри аксиз бо фоизҳо аз арзиш, ё ин ки бо евро барои воҳид |
Гуруҳи 39 Пластмас ва маснуот аз он |
||
3923 | Маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмас; пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва дигар воситаҳои тайёри маҳкамкунӣ аз пластмас |
20 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
Гуруҳи 57 Қолинҳо ва дигар намудҳои рӯйпӯшҳои бофандагии рӯифаршӣ |
||
5701 | Қолинҳои порчагии гиреҳнамуд ва дигар намудҳои бофандагии тайёр | 30 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
5702 | Қолинҳои бофташуда ва дигар намудҳои бофандагии тафтингнашудаи тайёр ё рӯйкаш карданашуда | 30 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
5703 | Қолинҳо ва дигар намудҳои бофандагии тафтингии тайёр | 30 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
5704 | Қолинҳо ва дигар намудҳои бофандагии аз намад тафтингнашудаи тайёр ё рӯйкаш карданашуда | 30 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
5705 | Дигар намуди қолинҳои бофандагии тайёр | 30 % аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр |
Эзоҳ: Меъёрҳои муқарраршуда барои гурӯҳҳои молии 39 ва 57 нисбат ба воридоти молҳо аз давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо татбиқ намегарданд.