ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба нафъи мардум аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Маврид ба зикр аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, зимни машваратҳо бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои зиёд - ин қабули қонун аст.

Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Қонуни мазкур бо тақозои давр анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мусаллам, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дошта, нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи иқтисодӣ ва моддию молиявии мардум аз сабаби сарфу харҷи беҳуда ва риояи расму оинҳои сермасрафе, ки ба сари мардуми мо таҳмилӣ бор гашта буданд, бисёр ногувор ва нигаронкунанда буд.

Тавре аз рӯи маълумотҳои расмӣ бармеояд, то қабул шудани Қонун «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашун маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сари ҳар як оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва 20 маъракаи хурсандӣ рост меомад.

Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маҷракаҳои мардумӣ собит менамояд, ки ғолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Таъиноти муҳими махракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон, зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд.

Бархе бар онанд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе на- дорад. Аммо, ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷӯҳ бошад.

Аз ин лиҳоз, танзими анаъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад.

Мақсади қабули Қонуни мазкур, ин ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад. Яке аз дастовардҳои нахустин ва назарраси умумимиллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ солҳои 2008-2009 тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд. Аз ин нуқтаи назар, қонуни мазкурро метавон, воқеан, як қонуни мардумӣ номид, зеро он барои таъмин ва ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии мардум нигаронида шуда, ҳангоми омода сохтани он фикру ақида ва андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва таҷрибаи мамолики суннигаро ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ба назар гирифта шудаанд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин, баҳри риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо” пайваста чораҳои судманд меандешад.

Тибқи фармоиши Сардори Хадамоти гумрук ҳайати комиссияи ҷамъиятии мақомоти гумрук таъсис дода шудааст, ки он фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва Нақшаи кории худ ба роҳ мондааст.

Бояд ёдовар шуд, ки комиссия баҳри амалӣ намудани Қонуни мазкур дар байни ҳайати шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, аъзоёни Комиссия мунтазам оид ба риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо” вохӯриҳо гузаронида, моҳияти қонуни мазкурро ҳамаҷониба ба самъи кормандон мерасонанд.

Ҳамзамон, бинобар дуруст ба роҳ мондани назорати рафти баргузории ҷашну маросимҳои кормандон аз тарафи Комиссияи ҷамъиятӣ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Дафтари бақайдгирӣ ва баргузории ҷашну маросимҳо барои ҳайати шахсии Хадамоти гумрук тартиб дода шудааст, ки ҳар як ҷашну маросимҳо саривақт ба қайд гирифта шуда, талаботи қонуни мазкур фаҳмонда дода мешавад.

Инчунин, дар асоси нақшаи корӣ, Комиссия пайваста бо иштироки васеи ҳайати шахсӣ ва намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи мӯҳтаво ва нақши Қонуни мазкур мулоқотҳои судманд доир менамояд.

Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо саҳми босазои худро гузорем.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: