Аз рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 21 сол сипарӣ шуд. Ин санаи таърихию муқаддас ва сарнавиштсоз рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки реша дар фарҳангу хиради воло ва азалии мардуми тоҷик дорад, имрӯз воқеан таҷассумгари иттиҳоду якпорчагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи шаҳрвандии худро аз гирдбоди ҳалокатбори ҷангу хунрезиҳо берун кашидаанд. Фарзандони фарзона ва фидоии он тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз карда, ба онҳо ҷилову бақои тоза бахшанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола онро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем, як воқеаи ибратбахшу сабақомӯз барои мо тоҷикон аст. Бо гузашти солҳову қарнҳо қиммати илмӣ, амалӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва идеологии он боло рафта, барои дигар кишварҳо, ки айни замон фоҷеаи мудҳиш, ҷанги дохилиро аз сар мегузаронанд, метавонад намунаи ибрат гардад.
Воқеан таҳкими дастовардҳои истиқлолият, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ карда истодаанд.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гумрук, низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ барои таъмини амнияти миллӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин, барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи боҷу хироҷ ба буҷети давлатӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ, яроқ, ашёҳои дорои арзишҳои бадеӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат буда, мо кормандони мақомоти гумрукро вазифадор менамояд, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ - таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти усулҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайваста кӯшиш намоем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳайати шахсӣ ва ҳамдиёрони азизро бо 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, орзӯи он дорам, ки дар фазои ватани маҳбубамон ҳамеша кабӯтари сулҳ парафшон бошад!
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Каримзода Хуршед Абдураҳмон,
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори хадамоти гумрук