ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ САРДОРИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА ХУРШЕД АБДУРАҲМОН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамкорони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо бо фарорасии 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзумандам.

 

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб ёфта, он бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон оғози марҳалаи нави таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро хатари бузургтарини дар он айёми вазнин ба миён омада, яъне эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷиконро комилан аз байн бурда, ба рушду тараққиёт ва пешрафтҳои тоза роҳ кушод.

Ба ибораи дигар, ба рағми фитнаву дасисаҳои хоинони миллат баъди мухолифатҳои шадид ва ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ бо дарки зарурати волоияти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози ба сулҳу суботи саросарии кишвар мусоидаткунанда бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ба даст омадани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд”.

Воқеан, маҳз ҳамин рӯйдоди фараҳбахш имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба пешрафту муваффақиятҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати сулҳу осоиштагӣ Тоҷикистон дар миқёси олам ҳамчун кишвари ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Арзишу аҳаммияти сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ махсусан, дар марҳалаи имрӯза, ки инсоният бо мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, бештар эҳсос гардида, ҳар кадоми моро водор месозад, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Ватани маҳбуб ва миллати куҳанбунёдамон саҳмгузор бошем.

Боварии комил дорам, ки ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ минбаъд низ парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагиро баланд бардошта, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош меварзанд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: