21 январи соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук маҷлиси тантанав баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Маҷлиси тантанавиро Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба 31 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии худ иброз доштанд, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 31 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.
Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар ояндаи чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти кишвар, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи гумрук, бо ёдоварӣ аз марҳилаҳои тайшуда ва раванди ташаккури ин сохтори муҳими давлатӣ, зикр гардид, ки фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук низ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо мегардад.
Дар ин рӯз аз фаъолияти ҳар рӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагири карда шуда, инчунин барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои гумрукӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарон ва кормандони фаъоли Хадамоти гумрук бо ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ қадрдони карда шуданд.
Бо дарназардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, дар чорабинӣ кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишон “Аълочии мақомоти гумрук”, медали ҷашни “30-солагии мақомоти гумрук”-и Ҷумҳурии Тоҷикстон ва “Ифтихорнома”, “Раҳматнома”, рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар соли 2022 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби гардиши тиҷорати хориҷӣ аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, боҷи содиротӣ, андози аксизӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ ба Буҷети давлатӣ 7410,1 млн. сомонӣ ворид кардааст, ки ин ба 114,6 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Аз ҷумла соли 2022 аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба Буҷети давлатӣ ба маблағи 907,03 млн. сомонӣ зиёд ва нисбати пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашудаи соли 2021, ба маблағи 561,9 млн. сомонӣ зиёд ворид кардааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон