ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи Кумитаи Шӯрои роҳбарони ҳифзи ҳуқуқии мақомотҳои гумруки Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаато

Рӯзҳои 20-24 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Кумитаи Шӯрои роҳбарони ҳифзи ҳуқуқии мақомотҳои гумруки Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва муовини сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, полковники хадамоти гумрук Мерафзунов Мерафзун иштирок намуданд.

Дар машварати мазкур масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ карда шудаанд.

 

Аз ҷумла:

- иҷроиши қарорҳои ҷаласаи 16-уми сарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрукии давлатҳои ИДМ;

- рафти иҷроиши Нақшаи кории соли 2018,

- тасдиқ намудани Барномаи стратегии фаъолияти Кумитаи сарони сохторҳои ҳифзиҳуқуқии Шӯрои роҳбарони мақомоти гумрукии ИДМ;

- чораандешии мақомотҳои гумрукии давлатҳои ИДМ вобаста ба ташкили мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи гумрук,

- зуҳуроти зиёдшавии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири гурӯҳҳои гашиш ва бангдона дар ҳудуди ИДМ;

- натиҷагирии амалиёти байналмиллалии гумрукии "Internet Trade";

- пешбурди фаъолияти тафтишоти маъмурӣ ва таҳқиқ, ҳангоми бурдани истеҳсолоти парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ;

- таъсис додани гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ бо мақсади бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ;

- натиҷагирии фаъолияти Шӯро вобаста ба баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандон;

- ташкили курсҳои бозомузӣ дар давраи соли 2017 ва нимаи соли 2018;

- гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ташкил ва баланд бардоштани кордонии кормандони соҳаи кинологии мақомотҳои гумрукии давлатҳои ИДМ.

 

 

Дар ҷаласа пешниҳодҳо оид ба ташкили мусобиқаҳои кинологӣ байни сагҳои хизматӣ дар моҳи сентябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Озарбоҷон ва коркарди сомонаи интернетӣ бо мақсади дастрасии маълумот доир ба фаъолияти Кумита қабул гардид.

Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи Шӯрои роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии мақомотҳои гумрукии Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил, моҳи сентябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии мақомотҳои гумрукии Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Армения, Ӯзбекистон, ва Қирғизистон иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: