ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии панҷуми минтақавӣ дар шаҳри Авазаи Ҷумҳурии Туркманистон

Рӯзҳои 23-24 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Авазаи Ҷумҳурии Туркманистон дар чаҳорчубаи Барномаи ҷаҳонии Идораи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук вохӯрии панҷуми минтақавӣ оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед, сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Маҳкамова З. сарнозири Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар

вилояти Хатлон, капитани хадамоти гумрук Ибрагимов Т., нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанб майори хадамоти гумрук Тағоев П., иштирок намуданд.  

Субҳи 23 майи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Дениз»-и шаҳри Аваза маросими кушодашавии панҷумин вохӯрии минтақавӣ бо иштироки намояндагони Барномаи ҷаҳонии Намояндагии минтақавии Идораи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ Кетил Оттерсен, Ашита Миттал, Батир Гелдиев, координатори калони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук Стейлен Норберт, намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Украина ва дигар давлатҳои аъзои Барномаи мазкур, баргузор гардид. 

 

 

Вохӯрии минтақавиро муовини сардори Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Туркманистон Беггелдӣ Патджанов ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам намуд. Сипас, намояндагони Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар назди ҳозирин маърӯза намуданд.

Тибқи нақшаи вохӯрӣ, намояндагони давлатҳои аъзо, аз он ҷумла муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед дар вохӯрӣ оид ба рафти Барномаи мазкур суханронӣ намуданд. 

Аз тарафи шахсони масъули Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар назди ҳозирин шарҳи Барномаи ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо сурат гирифт.

Инчунин, аз ҷониби намояндагони мақомотҳои гумруки давлатҳои аъзо оид ба рафти иҷроиши Барномаи мазкур ҳисобот дода шуд.

 

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз тарафи намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои аъзо бо муаррифиномаҳо баромад намуданд.

Сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ подполковники хадамоти гумрук Маҳкамова Замира бо муаррифиномаҳо дар мавзӯъҳои «Долони нақлиётии байналмилалӣ ва системаҳои назорати самараноки молӣ тавассути контейнерҳо интиқолшаванда», «Фаъолияти гурӯҳи назорати бандарии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷаҳои бадастомада)» баромад намуда, ба саволҳои додашуда, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Рӯзи 24 майи соли 2018 ҷаласа кори худро давом дода, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Шабакаи минтақавии хадамоти гумрукӣ оид ба ошкор намудани молҳои дорои ҳадди аксари таваккал миёни давлатҳои иштирокчӣ;

2. Афзалият ва талаботи мақомоти гумруки давлатҳо дар доираи Барномаи ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо.

Пас аз ба охир расидани ҷаласа, иштирокчиён барои шиносоӣ бо фаъолияти Бандари баҳрии байналмилалии шаҳри Туркманбошӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи утоқи кории Гурӯҳи назорати бандарии гумруки шаҳри Туркманбошӣ ширкат варзиданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: