ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

3 то 4 марти соли 2020 дар шаҳри Киеви Украина ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина марбут ба вазъи гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷонибҳо ва афзоиши додани ҳаҷми он, ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва бунёди манбаҳои барқӣ, ба роҳ модани ҳамкори дар соҳаҳои саноату нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии фискалии Украина дар асоси 8 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: