ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конфронси занони полис дар Гурҷистон

Рӯзи 3-юми марти соли 2020 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон конфронси байналмилалии 'Занон дар политсия" бо иштироки 275 нафар кормандзанони полис аз 11 давлати дунё оғоз гардида, то 6-уми март идома меёбад.

 

Дар конфронси мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Гурҷистон Вахтан Гумилаури, Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Гурҷистон хонум Келли Дагмен, Директори Бюрои минтақавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Аврупои Шарқӣ ва Осиё Даян Ҷастин, намояндагони ташкилоти байналмилалии INL, Бюрои Федеролии Тафтишот (ФБР) ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

 

Дар ин конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Сомонаи расмии ВКД, подполковники милитсия Гул Маҳбуба, прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук, мушовири адлияи дараҷаи 1 Толибова Дилафрӯз, сарнозири шуъбаи таҳлил ва омори гумруки Раёсати гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, капитани хадамоти гумрук Расулова Фарида, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Мамадсалимова Таҳмина Ширинбековна ва намояндаи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд.

 

Дар конфронс мавзӯъҳои "Пешоҳангӣ дар замони нооромӣ", "Мубориза бо хариду фурӯши одамон", "Зан ҳамчун роҳбар дар ҷаҳони мардон", "Тафтишоти ҷойи ҳодиса", "Қабули қарор бо истифодаи қувва" ва усулҳои худмуҳофизатӣ барои занон-афсарон омӯзонида мешаванд.

Инчунин дар рафти конфронс масъалаҳои баробарии мардону занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳҳо ва усулҳои самараноки истифода бурдани технологияҳои нави криминалистӣ ҳангоми ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

 

Дар ҷараёни конфронс оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда саволу ҷавоб доир гардида, занони полис аз таҷрибаи худ ҳангоми фаъолияти хизматӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ табодули афкор намуданд.

 

Мавриди қайд аст, ки конфронси занони полис шурӯъ аз соли 2012 бори 9-ум аст, ки дар шаҳри Тифлис аз ҷониби Сафорати ИМА бо мақсади омӯзиш, табодули таҷриба ва баланд бардоштани нақши занон дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор карда мешавад.

Гул Маҳбуба

https://vkd.tj

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: