25 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси минтақавии сатҳи баланд таҳти унвони «Иқтидори саноатӣ, савдо ва ҳадафҳои рушди уствор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он Муовини Сардори Хадамотигумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –майори хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед иштирок намуд.
Ҳамчунин, дар кори Конфронси минтақавии мазкур, намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Мақсади чорабинии мазкур, ин ҳадафҳои рушди уствор, сиёсати савдо, мусоидат намудан барои ташкили ҷойҳои корӣ, содагардонии тиҷорати хориҷӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон