Дар рафти ҷаласаи мазкур, Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба имзо расонида шуд.



Санади меъёрию ҳуқуқии мазкур, шароити мусоидро дар самти тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёте, ки тавассути сарҳади гумрукии давлатҳои Тарафҳо интиқолёбанда, афзоиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баланд бардоштани самаранокии маъмуригардонии гумрук ва суръат бахшидани декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади давлатҳои Тарафҳо интиқолшаванда, фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


