ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд

21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҷураев Даврон Музафарович ва сарнозири бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҳайдаров Баракат иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи болозикр гардида, масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла, мувофиқакунонии шакл, ҳаҷм ва вақти мубодилаи иттилоот ҷиҳати татбиқи моддаи 3 Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои - иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳо ба обеъктҳои моликияти зеҳнӣ, мувофиқакунонии лоиҳаҳои Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои - иштирокчии ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ ва Созишнома оид ба тартиби гузоштани мӯҳр ва топпаҳои гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомотҳои гумрукӣ давлатҳои - иштирокчии ИДМ, интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзиҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои - иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи Нақшаҳои кории Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзиҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои - иштирокчии ИДМ ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 23 декабри соли 1993 барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасъсис дода шуд.

Ҳамчунин, тибқи Қарори ҷаласаи 70 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки ИДМ, ки дар мустаҳкамнамоии ҳамкориҳои гумрукии ИДМ натиҷаҳои назаррас доранд, нишонҳои сарисинагӣ супориданд.

Ҳамин тариқ ба Медали “Мустаҳкамнамоии ҳамкориҳои гумрукии давлатҳои – иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҷураев Даврон Музафарович, сарфароз гардонида шуданд. Маврид ба зикр аст, ки 23 декабри соли 1993 барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасъсис дода шуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: