ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

20 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Дар ҷамъомади мазкур як гурӯҳ коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои узви ИДМ иштирок намуда, масъалаи рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин вохӯрӣ коршиносони хадамоти гумруки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Рӯзномаи ҷаласаи коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ якқатор масъалаҳои муҳимро дарбар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар доираи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ 23 декабри соли 1993 таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: