ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории кишвар

16 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16-уми ноябр, ки ба корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад, бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Маҷлиси тантанавиро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон баъд аз садо додани Суруди миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрукро барои иштирок дар ин ҷаласа хайрамақдам намуд.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни суханрони зикр намуд, ки “сабаби асосии дар ин рӯз таҷлил гаштани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16- уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Ҳамчунин, дар ҳамон сол, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул гардида буд, шакли идораи ҷумҳурӣ президентӣ эълон шуд.

Бинобар ин, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихию барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯ ва мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр дар таърихи давлатӣ соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад ва дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.”

Инчунин, муовини сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, полковники хадамоти гумрук Мерафзунов Мерафзун Худоназарович, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бурӣ ва сардори Шуъбаи иттилоотӣ, подполковники хадамоти гумрук Файзуллоев Боймурод Шарифович дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба дастгирию ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва саҳми ӯ дар рушди давлати миллӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” аз ҳайёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии мазкур, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар анҷом Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, боридигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва кулли шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азизро шодиёна шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои фораму фарогири файзу фароғат, меҳру муҳаббат ва ба Меҳани маҳбубамон сулҳу сафо ва рушду рафоҳ таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: