ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мавриди истифода қарор гирифтани боз як майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз майдончаи варзишии навбатӣ, ки сохтмони он таҳти сарпарастии бевоситаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконаи навбатӣ дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе ҷойгир буда, иншоот дар масоҳати 960 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти зикргардида, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Абдусатор Раҳмон, инчунин, комиссияи давлатии қабул ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок нумуданд.

Иншооти мазкур аз майдончаҳои универсалии бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат мебошад.

Дар рафти кушодашавии майдончаи варзишӣ зикр гардид, ки бунёди ин ва дигар иншооти варзиши дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, дар доираи супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва дар заминаи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

Истиқоматкунандагони маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ ва масоҳати гирду атрофи он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки бунёди чунин иншоот ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Истиқоматкунандагони маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пеш аз ҳама аз Пешвои миллат, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин шароити мусоиди зист ва ба ҳаёти солим роҳнамун сохтани ҷавонону наврасон изҳори сипос намуданд.

Хадамоти гумрук минбаъд низ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, баҳри ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ваколати худ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида, чораҳои дахлдор хоҳад андешид.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: