ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Форуми байниминтақавӣ оид ба мубодилаи таҷриба дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии мақомоти гумрук

Аз 31 октябр то 02 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тиблисии Гурҷистон Форуми байниминтақавӣ оид ба мубодилаи таҷриба дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии мақомоти гумрук ва ҷаласаи фосилавии Кумитаи ҳамкориҳои гумрукии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, полквоники хадамоти гумрук Зайдуллоев Изатулло Табаралиевич ва сарнозири Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, лейтенанти калони хадамоти гумрук Саидзода Дилшод иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардида дар корӣ он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркменистон, Чин, Афғонистон, Покистон ва мушовирон аз Бонки Осиёи Рушд иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур масъалаҳои омӯзиш, саволу ҷавобҳо ва шинос намудани иштироккунандагон бо маҷмӯи содагардонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии мақомоти гумрук бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба маҷмӯи содагардонии расмиёти гумрукӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, дар кори форум миёни иштирокдорони он муколамаи васеъ ва мунозира гузаронида шуда, таҷрибаҳои корӣ мубодила гардида, пешниҳод карда шуд, ки оид ба самти фаъолият дар якчоягӣ бо мақомотҳои гумруки кишварҳои ҳамсоя бештар мубодилаи таҷриба ва афкор ба роҳ монда шавад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: