ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имзои cанадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Cанаи 24 октбри соли 2019, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиётҳои шубҳаноки молиявӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрук (Федератсияи Россия) оид ба мубодилаи ҳуҷҷатҳова маълумот доир ба арзишигумрукии молҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия интиқолёбанда аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия Булавин Владимир Иванович ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин шароити мусоидро дар самти баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалииётҳои шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом ва дастрасии маълумот оид ба мубодилаи иттилооти зарурӣ, ки барои муайян ва назорат намудани арзиши гумрукии молҳо заруранд, инчунин омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи алоқаманд ба муайянкунии эътимоднокии иттилоот оид ба моли воридотӣ, аз ҷумла ҳангоми назорати арзиши гумрукӣ фароҳам меоранд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: