ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Курси таълимии миллии махсус оид ба Конвенсия

Аз санаи 21 то 23 октябри соли 2019 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии миллии махсус оид ба Конвенсия дар бораи тиҷорати байналмилалии навъҳои ваҳшии набототу ҳайвоноти зери хатари нобудшавӣ қарордошта, гузаронида шуда истодааст.

  

Сардории Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амириён Ёр Одина меҳмонон ва иштирокчиёни ин курси боло зикрро ба ин даргоҳи бонуфӯз хайрамақдам гуфтанд.

Дар курси таълии миллии мазкур, кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки курси мазкур дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2019, № 114766 (31-4), аз санаи 21 то 23 октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук ҷаноби Ануар Бин Иброҳим ва ҷаноби Джеронимо Филимоне Момбе дарсҳои омӯзиши гузаронида истодаанд.

Қобил қайд аст, ки пас аз анҷоми курси омӯзишии дар боло қайд гардида, ба иштирокчиёни он шаҳодастнома тақдим карда мешавад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: