ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди ҳамкорӣ дар идоракунии амнияти сарҳад

Санаи 22 октябри соли 2019 маъмурияти миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE / NNSA) барои Гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе таҷҳизотро барои муайян кардани манбаъҳои радиатсионӣ ҳамчун кӯмаки бебозгашт тақдим намуд.

Дар маросими расмии ба истифодадиҳии он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед иштирок ва сухан карданд.

Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати ИМА барои муҷаҳҳазсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо чунин дастгоҳҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки ҳоло дар саҳнаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ва шабакаҳои байналмилалии террористӣ зуҳур кардаанд, ки барои даст ёфтан ба мавод, технологияҳо, силоҳҳо ва паҳншавии онҳо фаъолияти бештар аз худ нишон медиҳанд. Дар замони ҳозира хатари истифодаи ҷузъҳои силоҳҳои қатли ом барои таҳдид кардани ҳукуматҳо хатари воқеӣ мебошад.

Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони уран, манбаъҳои радон, аз ҷумла якчанд таппишҳои геологӣ, ки ба афканишоти радон мусоидат мекунанд, инчунин бо назардошти он, ки партовҳои урани дар шимоли Тоҷикистон буда ҳаҷми зиёдро ташкил медиҳанд, зарурати мунтазам беҳтар намудани вазъи ташкили назорати гумрукии эҳтимолияти интиқоли маводи радиатсионӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Чорабинии мазкур тибқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва пешгирии паҳншавии яроқи қатли ом гузаронида шуда, Тоҷикистон ва ИМА шарикони комил дар мубориза бо паҳншавии маводи хатарноки ядроӣ, биологӣ, кимиёӣ ва радиологӣ ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд кард, ки мониторҳои портали радиатсионӣ барои ошкор ва пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ дар воситаҳои нақлиёт, бағоҷ, инчунин барои мусофирон, ки тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегузаранд, мавриди истифода қарор мегиранд.

“Мо хушнудем, ки дар партави ин ҳамкориҳо таҷҳизоти сайёр (портативӣ) ҳамчун кӯмаки бепул ба дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, яъне ба истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе, Ҳошадӣ, Пахтаобод ва Спитамен супорида шуданд. Тибқи барномаҳои дар нақша гирифташуда омӯзонидани истифодабари ин таҷҳизот барои ҳар як гузаргоҳи сарҳадии гумрукӣ, то охири соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Таҷҳизоти аз ҷониби Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА пешниҳодшуда ба кормандони гумрук дар қочоқи маводи радиоактивӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯмак мерасонад ва ҳамчун қадами муҳим дар рушди ҳамкорӣ дар идоракунии амнияти сарҳад идома хоҳад ёфт.

Бояд қайд кард, ки ин навъи таҷҳизоти дар мақомоти гумрук мавҷудбуда ба азнавсозӣ ниёз дошта, омӯзонидани кормандони мақомоти гумрук низ дар ин самт зарур аст. Аз ин рӯ, дар оянда ба Хадамоти гумрук бо мақсади такмили минбаъдаи ташкили назорати гумрукӣ ҷиҳати ташкили инфрасохтори муносиб ва устувори миллии мутобиқи ба стандартҳои байналмилалӣ, кумаки техникӣ зарур мебошад", илова намуд Шерализода Хуршед.

Дар тӯли 5 соли охир бо дастгирии шарикони рушд гузаргоҳҳои Пахтаобод, Дӯстӣ, Спитамен, Истиқлол, Хошадӣ ва Панҷи Поён бо порталҳои статсионарии радиатсионӣ бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ соли 2020 фурудгоҳи шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ бо чунин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Чунин портали статсионарӣ ҳамчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои истифода намудани таҷҳизоти мазкур насб карда шудааст.

Сипас иштирокдоронро бо фаъолияти монитори порталии радиатсионӣ шинос намуданд. Зикр гардид, ки 13 монитори порталии радиатсионӣ, ки дар фурудгоҳ насб карда шудаанд, метавонанд ҳам шуоҳои гамма ва ҳам нейтрон кашф кунанд. Яъне вазифаи ин дастгоҳҳо кашфи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад. Мусофироне, ки вориди шаҳри Душанбе мешаванд, ба воситаи ин дастгоҳҳо муоина мегарданд. Ба воситаи ин мониторҳои порталӣ роҳҳои рафту омад, аз ҷумла роҳҳои худи кормандони фурудгоҳ зери назорат қарор дода мешаванд. Дар ошёнаи дуюми фурудгоҳ маркази ташхис мавҷуд аст, ки он бо ин 13 портал иртибот дорад. Ҳангоми садо додани бонги хатар кормандон бо худ дастгоҳҳое доранд, ки барои боз ҳам мушаххас кардани маводи ядроӣ ва радиатсионӣ нигаронида шудаанд. Вақте мусофир бо худ маводи ядроӣ ё радиатсионӣ дошта бошад, ҷароғакҳои сурху кабуд фурӯзон шуда, садо баланд мешавад. Агар чароғаки сурх ва ҳам кабуд фурӯзон шавад, ин маънои онро дорад, ки мусофир бо худ маводи гамма ва ҳам нейтрон дорад. Бояд зикр намуд, маводе, ки дар таркибаш нейтрон дорад, барои ихтироъ намудани силоҳи қатли ом истифода мешавад.

 

Инчунин, ба ғайр аз монитори порталӣ дастгоҳҳои муайянкунӣ ва борхалтаҳо барои бехатарии худи кормандони фурудгоҳ тақдим гардид. Ин дастгоҳҳо дараҷаи муайян кардани сатҳи баландшавии радиатсияро нишон медиҳанд. Корманд ба воситаи инҳо метавонад муайян кунад, ки то чӣ андоза ин минтақа хатарнок аст.

Барои самаранок истифода бурдани ин дастгоҳҳо кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омӯзиш гузаштанд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: