ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии мақомоти гумруки ИДМ RILO – Москва дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Санаи 15 –уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумруки кишварҳои узви шабакаҳои алоқаи минтақавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи Cозмони Ҷаҳонии Гумрук /СҶГ/ оид ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ RILO-Москва баргузор гардид.

Ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии RILO — Москваро аз номи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф хайрамақдам гуфта,

нақши шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумруки кишварҳои узви шабакаҳои алоқаи минтақавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи CҶГ оид ба кишварҳои ИДМ RILO-Москваро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои ИДМ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ, хусусан дар самти табодули иттилоот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, яроқ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷаласа фаъолияти RILO-Москва дар нуҳ моҳи соли равон, дурнамои рушди он, фаъолияти кори шабакаҳои алоқаи миллии хадамоти гумрукии давлатҳои узви RILO-Москва дар 9 моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардида, қарорҳои марбута қабул карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: