Чоп

Ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ ва ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаи алоқаи миллии мақомоти гумруки кишварҳои узви RILO – Москва дар шаҳри Душанбе

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Нигоҳ: 242

Аз санаи 14 то 18-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ ва ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаи алоқаи миллии мақомоти гумруки кишварҳои узви RILO – Москва баргузор мегардад.

 

Дар назар аст, ки дар ҷаласаҳои боло зикр, масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории гумрукӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур аз мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон, мисли Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Варзоб дидан намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон