ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Ҳамин тариқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба Медали “Хизмати шоиста”, сарнозири Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хадамоти гумрук Косьяненко Дмитрий Юрьевич дар соли 2019, сарфароз гардонида шуд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: