ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

28-29 августи соли 2019 дар шаҳри Москва ҷамъомади гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Дар ҷамъомади мазкур як гурӯҳ коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои узви ИДМ иштирок намуда, масъалаи рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин вохӯрӣ коршиносони хадамоти гумруки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Рӯзномаи ҷаласаи коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ якқатор масъалаҳои муҳимро дарбар мегирад.

Яке аз масъалаҳои ҷаласаи дар болозикр гардида, ин интихоби раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ, таъйин намудани котиби Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ ва нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ барои соли 2020 мебошад.

Ғайр аз ин, лоиҳаи талаботи стандартҳои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумрук, инчунин лоиҳаи технологияи муосири ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва интиқоли роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, ки барои осон кардани содагардонии расмиёти ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва мақомоти роҳи оҳан дар ҳудуди ИДМ нигаронида шудааст ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тазаккур бояд дод, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар дохили Иттиҳод, фаъолияти асосии Шӯро аз инҳо иборат мебошад: тахассус ва мутобиқати қонунгузории гумрук; ташаккули механизмҳои самарабахши тарифӣ ва танзими ғайритарифӣ; таҳияи тавсияҳо оид ба муттаҳидсозии қоидаҳо ва тартиботи гумрукӣ, шаклҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини назорати гумрукӣ ва тоза кардани молҳое, ки дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ таҳия шудаанд; ташкили табодули омори гумрукии савдои хориҷӣ; таҳияи барномаҳои стратегӣ барои таъмини мақомоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо воситаҳои техникӣ.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи мазкур сана ва мавзеъи баргузории ҷаласаи 71-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар доираи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ 23 декабри соли 1993 таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: