Санаи 27 - 29 июни соли 2019 дар қароргоҳи Созмони Умуми ҷаҳонии Гумрук (СУГ) дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии тобистонаи 133/134-уми Шӯрои СУГ бо иштироки намояндагони гумруки зиёда аз 183 давлатҳои аъзои Созмони мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Ҷураев Даврон Музафарович, иштирок намуда аз рафти корҳои анҷомдодашудаи СУГ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуда, нақшаву чорабиниҳо барои соли оянда ҷиҳати ба роҳ мондани муҳити устувор, пешгӯишаванда, бе хатар ва шаффоф дар савдои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ҷаласаи Шӯрои СУГ ба масъалаҳои марбут ба рамзгузорӣ ва таснифоти мол, давлати истеҳсолкунандаи мол, арзиши гумрукии мол, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, инчунин, баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки давлатҳои аъзо, диққати махсус дода шуд.
Мавзӯи муҳими дигар ин гузаштан ба истифодабарии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (НМ ФИХ) дар тафсири соли 2022, тағйиротҳо оид ба технологияҳои муосир ба монанди дастгоҳи чопкунии 3D, телефонҳо, таҷҳизоти парвозкунандаи идорашаванда (дрон), тамғаҳои нави тамоку ва ҳаргуна газҳои хориҷшаванда, ки сабаби гармшавии иқлим мегарданд, тавҷҷуҳи махсус дода шуд.
Шӯрои СУГ лоиҳаи электронии савдоро қобили дастгирӣ шуморида ба коркарди иловагии таснифоти техникии он розигӣ дод.
Ҷиҳати такмил додани ҳамокорӣ миёни дастгоҳи марказии гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ аз ҷониби СУГ «Дастури муштараки СУГ оид ба мубодилаи маълумот миёни дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва дастгоҳи марказии гумрук», қабул карда шуд.
Илова бар ин, Шӯрои СУГ Нақшаи стратегия барои солҳои 2019-2022 бо дарназардошти нӯҳ самти асосии фаъолият ба монанди фаъолияти якҷояи мақомотҳо дар сарҳадот, амният ва бехатарии сарҳадот, Конвенсияи такмил дода шудаи Киото, тиҷорати электронӣ, Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (НМ ФИХ), стратегияи баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки давлатҳои аъзо, иҷроиши софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, рақамикунонии гумрук ва таҳлили маълумотҳои гумрукӣ қабул гардид.
Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук доктор Кунио Микурия иброз дошт, ки ҳамасола баргузории Шӯрои СУГ давлатҳои аъзоро ба ҳам ҷамъ оварда, баҳсу мунозираҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, инчунин, қайд намуд, ки қарорҳои аз ҷониби Шӯрои СУГ қабул гардида ба тақвият бахшидани идораи сарҳадот ва нақши бевоситаи мақомоти гумрук дар пешбурди он равона карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генарал-майори хадамоти гумрук дар ҳошияи Шӯрои СУГ як қатор вохӯриҳои дуҷониба бо роҳбарияти гумруки Корея, ҷиҳати боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти гумруки ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷониби Корея иброз дошт, ки дар мӯҳлати наздик пурра системаи идораи таваккалро дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намуда, кормандони масъулро ба омӯзиш фаро мегирад. Инчунин, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҷаноби Пранаб Кумар Дас, намояндаи Ҳиндустон, ки ба мақоми Директори департаменти дастур ва дастгирии СУГ интихоб гардид, вохӯрии дуҷониба гузаронида таъкид гардид, ки ҳамкориҳоро дар самти фаъолиятӣ гумрукӣ рушд диҳем.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи мазкур бо намояндагони масъули Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук вохӯриҳои дуҷониба гузаронида шуда аз рафти ҳамкориҳои Хадамоти гумрук бо СУГ натиҷагирӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон