ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон

Санаи 4 ва 5 июли соли 2019, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон доир гардида, намояндагони ҳар ду ҷониб иштирок карда, масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва афзоиш додани гардиши молу маҳсулоти худро таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Дар ҷаласаи ҳафтуми комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон намояндагони Хадамоти гумрук бо роҳбарии Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед иштирок намуданд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тиҷорат, интиқоли неруи барқ, афзоиш додани тиҷорати назди сарҳадӣ ва баҳри содагардонидани транзит ва ҳамлу нақди борҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон татбирҳои судмандро роҳандози намудааст, ки то имрӯз натиҷаҳои назаррасро ба бор овард. Дар соли 2018 маблағи содироти Тоҷикистон ба Афғонистон 72,1 млн. доларро ташкил медиҳад.

Сол ба сол гардиши мол байни кишварҳо афзоиш ёфта, тиҷорати назди сарҳади рушд ёфт. Тибқи маълумот ҳиссаи Афғонистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 моҳи соли 2019 35,5 фисатро ташкил дод.

Иштирокчиёни ҷаласа масаълаҳои мавриди назар аз ҷумла соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, саноат, нақлиёт, гумрук ва мудофияи гражданиро мавриди таҳлилу баррасӣ, қарор доданд. Ҳамчунин ҷонибҳо масоили кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғуртаро низ муҳокима намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо таъкид шуд, ки ҷиҳати густариш бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки самтҳои нав ва муосири густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба монанди ташкили ҳамоиши сарморягузорон, анҷуманҳои тоҷирон эҷод ва фаъол гардонида шавад. 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: