20 июни соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи 69-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳисоботи котиби Шӯро оид ба рафти иҷроиши қарорҳои дар ҷаласаи 68-ум Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки ИДМ қабулгардида, шунида шуда, лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои тартиби Технологияи намунавии ҳамкории мақомоти гумрук ва интиқолдиҳандагони кишварҳои иштирокчии ИДМ ҳангоми гузаронидани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳои тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолёбанда, лоиҳаи Созишнома доир ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба барномаи таълимии олӣ ва иловагии касбӣ, лоиҳаи Созишнома оид ба тартиби гузоштани мӯҳр ва топпаҳои гумруки дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ, таҷрибаи татбиқи сертификати байналмилалии вазнкашии воситаҳои нақлиёти бордор дар ҳудуди кишварҳои ИДМ мутобиқи Созишнома дар бораи принсипҳои умумии ташаккули фазои нақлиётӣ ва шартҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти сиёсати нақлиётӣ аз 9 октябри соли 1997 ва Созишнома оид ба тартиби транзит тавассути кишварҳои иштирокчии ИДМ аз 4 июни соли 1999, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуданд.
Инчунин, дар рафти ҷаласаи мазкур номзадии муовини якуми роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия Давыдов Р.В. ба ҳайси роҳбари Шӯрои Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва мавзеъи баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябри соли 2019, баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди кишварҳои давлатҳои мустақил 23-юми декабри соли 1993 таъсис дода шуда, дар ин давра барои рушди фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои аъзо саҳми арзанда дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон