Чоп

Мавриди истифода қарор гирифтани боз як майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Сино

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Нигоҳ: 113

Субҳи имрӯз майдончаи варзишии навбатӣ, ки сохтмони он таҳти сарпарастии бевоситаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконаи навбатӣ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев назди бинноҳои истиқоматии 141/4, 141/5, 141/6 ва 141/7 – и ноҳияи Сино ҷойгир буда, иншоот дар масоҳати 2700 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти зикргардида, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, инчунин, комиссияи давлатии қабул ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок нумуданд.

Иншооти мазкур аз майдончаҳои универсалии бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат мебошад.

Дар рафти кушодашавии майдончаи варзишӣ зикр гардид, ки бунёди ин ва дигар иншооти варзиши дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, дар доираи супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва дар заминаи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

Истиқоматкунандагони кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ ва масоҳати гирду атрофи он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки бунёди чунин иншоот ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Истиқоматкунандагон ноҳияи Сино пеш аз ҳама аз Пешвои миллат, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин шароити мусоиди зист ва ба ҳаёти солим роҳнамун сохтани ҷавонону наврасон изҳори сипос намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишии воқеъ дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур низ, аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшуда дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар рӯзҳои наздик барои истифодабарӣ омода карда мешавад.

Хадамоти гумрук минбаъд низ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон батасвибрасида, баҳри ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ваколати худ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида, чораҳои дахлдор хоҳад андешид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон