ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бод!

Бахшида ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 июни соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзаловро барои иштирок дар ин ҷаласа хайрамақдам намуд.

Сипас, сухани табрикотии Сардори Хадамоти гумрукро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод пешкаши ҳозирин карда, қайд намуд: “Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбаду мо дар арафаи он қарор дорем, ба ман имкони хубе додааст, то ба муносибати ин рӯзи муборак ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро табрик гӯям ва ба хонадони ҳар якатон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу намоям...”

Баъд аз сухани табрикотӣ, риштаи сухан ба меҳмони гиромӣ, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов дода шуд. Номбурда доир ба муҳимияти ба даст овардани ваҳдати миллӣ, арзишмандии он дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик, амалӣ гардидани ормонҳои миллати тоҷик, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, ибрози андеша намуд.

Сардори шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Файзуллоев Боймурод дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ибрози назар намуд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: